дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Tuesday, 12 May 2020 00:00

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд

Rate this item
(0 votes)

28 сентябри соли 2018 дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахустҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои андоз ва гумрук, бонкҳо, бизнес – ассотсиатсияҳо ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилоят бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои шоистаи созандагӣ ва ободкорӣ амалӣ мегарданд.

Раиси вилоят, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ин раванд бобати беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар вилоят шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

- Мавриди зикр аст, ки санаи 26 январи соли равон дар пойтахти кишварамон ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат доир гардида буд, ки дар он масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Натиҷаи тадбирҳои андешида шуда аст, ки алҳол мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боло рафта, фазои сармоягузорӣ беҳтар гардидааст, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Боиси зикр аст, ки алҳол дар вилоят 22 лоиҳаи сармоягузорӣ амал мекунад, ки танҳо соли равон аз ҳисоби ин лоиҳаҳо ба маблағи наздик 49 миллион сомонӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои машваратӣ раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт Тошмаҳмад Ҳоҷиматов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Муқимҷон Муқимӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдураҳмон Қодиров, роҳбари ҶДММ «Тиниал» Зафар Охунов, роҳбари Фонди «Имон» Гулбаҳор Маҳкамова, директори кулли «Бонки Эсхата» Акбарҷон Назаров ва дигарон суханронӣ намуда, бобати беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Таъкид бояд кард, Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят 43 нафарро дарбар мегирад ва он дар се моҳ як маротиба масъалаҳои муҳими иқтисодиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.

Шӯрои машваратиро Раиси вилоят ва ҳамзамон Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст намуда, пешниҳод намуд, ки дар ҷаласаи минбаъда масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси Протоколи ҷаласаи XVIII Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасмим гирифт, ки ба ҳайат ва Низомномаи Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ тағйирот ворид намояд ва вобаста ба ин, қарори Раиси вилоят аз 20 апрели соли 2018, №151 ба тасвиб расонида шуд.

Мақсади асосии Шўро мусоидат ба амалигардонии тадбирҳо доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилоят мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Read 4235 times Last modified on Wednesday, 15 July 2020 04:40