Роҳбарият
Боиров Боирҷон Ҳомидҷонович
Боиров Боирҷон Ҳомидҷонович 28 марти соли 1979 дар ноҳияи Б. Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2001 филиали Хуҷандии донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-молиячӣ хатм кардааст.
Солҳои 2001-2004 ёрдамчиии иқтисодии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кабир», солҳои 2004-2007 иқтисодчӣ дар ҶДММ «ГОКи Пролетар»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, солҳои 2007-2009 сармуҳандис дар автобазаи №6 ноҳияи Ҷ.Расулов, солҳои 2009-2010 мутахассиси шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солҳои 2010-2014 мудири шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солхои 2014-2017 менеҷери минтақавӣ оид ба банкдории корпоративии Суғд дар ҶСК Агроинвестбонк, солхои 2017-2018 ҷонишини директории ҶДММ «Сеҳриҷ» кор ва фаъолият бурдааст.
Аз майи соли 2018 то ҳоло Мудири шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд мебошад.