Роҳбарият
Ахмедов Шарифҷон Насимович
Ахмедов Шарифҷон Насимович 17 августи соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2001 филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2007 Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисосҳои муҳандис-иқтисодчӣ, иқтисодчӣ - бозраси андоз хатм кардааст.
Солҳои 2001-2005 дар вазифаҳои гуногун дар ТҶ «Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005-2008 мутахассиси бақайдгирии гумрукии ҶДММ «Ориёнтранс»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2008-2009 сардори шуъбаи иқтисодиёти берунмарзии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2009-2012 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, солҳои 2012-2014 мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2018 менеҷери департаменти тиҷорати чаканаи филиали ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» дар ноҳияи Ҷ.Расулов кор ва фаъолият бурдааст.
Аз 9 марти соли 2018 то ҳол сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд мебошад.