Эълонҳо
Озмуни №1/2022
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ озмун эълон менамояд:
озмуни №1/2022
Р/Т |
Номгӯи иншоот |
Суроғаи иншоот |
Таъинот |
Масоҳати умумии иҷора (м2) |
Нархи ибтидоии иҷорапулии солона (сомонӣ) |
Ҳаққи аъзогии кафолатпулӣ барои иштирок ба озмун (сомонӣ) |
1. |
МИҲД вилояти Суғд |
ш. Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев, бинои 45 |
ҳуҷраи корӣ |
54,5 |
4578,0 |
640,0 |
2. |
Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд |
шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 34 |
хазматрасонии тиббӣ |
18 |
3024,0 |
640,0 |
3. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35 |
ҳуҷраи корӣ |
38 |
2280,0 |
640,0 |
4. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
15 |
900,0 |
640,0 |
|
5. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
27 |
3240,0 |
640,0 |
|
6. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
28 |
3360,0 |
640,0 |
|
7. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
27 |
3240,0 |
640,0 |
|
8. |
КВДК «Кохи матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
40 |
2400,0 |
640,0 |
|
9. |
КВДК «Кохи Матбуот» |
ҳуҷраи корӣ |
200 |
20000,0 |
640,0 |
|
10. |
Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд |
ш. Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ, 120 |
техникӣ |
12 |
12096,0 |
640,0 |
Озмун 14 январи соли 2022, соати 14:00 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев, бинои 45, ошёнаи 6, баргузор мегардад.
Ба озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд, ки бояд барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Барои шахсони воқеӣ – нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
- Барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;
- Пешниҳод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчӣ бо нишон додани номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди маблағи ба иҷора мегирифта, ки бояд аз маблағи дар эълон нишон додашуда кам набошад.
- Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатӣ.
Дар ҳолати ғолиб дониста шудан «Иҷорагир» ба ҳисоби «Иҷорадиҳанда» ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,1 фоиз боҷи давлатӣ аз ҳаҷми иҷорапулии солона месупорад, ки ин маблағҳо ба арзиши иншооти иҷора дохил намешаванд. Ғолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешниҳодкардаи ӯ нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад.
Бақайдгирии иштирокчиён аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ дар суроғаи хиёбони Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 6, утоқи кории № 602 оғоз гардида, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Озмун тибқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.
Телефон барои тамос: (83422) 4-65-62.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд.
ЭЗОҲ: Нархи ибтидоии масоҳатҳои аз бинои КВДК «Кохи матбуот» ба иҷора додашаванда, ба истиснои муассисаю ташкилотҳои воситаҳои ахбори умум, на кам аз 10 сомонӣ барои 1 м2 ҳисоб карда мешавад.