дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Озмуни №1/2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ озмун эълон менамояд:

        озмуни №1/2021

Р/Т

Номгӯи иншоот

Суроғаи иншоот

Таъинот

Масоҳати умумии иҷора (м2)

Нархи ибтидоии иҷорапулии солона (сомонӣ)

Ҳаққи аъзогии кафолатпулӣ барои иштирок ба озмун (сомонӣ)

1.

Идораи сохтмони асосии вилоят

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 27

ҳуҷраи корӣ

50

6000

600

2. 

Идораи сохтмони асосии вилоят

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 27

ҳуҷраи корӣ

50

6000

600

3.

Идораи сохтмони асосии вилоят

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 27

ҳуҷраи корӣ

150

14400

600

4.        

Маркази клиникӣ-эндокринологии вилоятӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳакимбоев 7

ҳуҷраи корӣ

11

2640

600

5.

Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд»

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев

ҳуҷраи корӣ

120

18720

600

6.

Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд

шаҳри Хуҷанд кӯчаи К.Хуҷандӣ 204а

дорухона

28

4536

600

7.

МД «Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлояти Тоҷикистон»

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Севастополская 1

худуди муассиса

44

8976

600

8. 

МД «Китобхонаи вилояти оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ»

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  И.Сомонӣ 1

ҳуҷраи корӣ

34,8

1670,4

600

9. 

КДК «Бирҷаи молу мулки вилоят»

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  И.Сомонӣ

мағоза

46,5

11160

600

10.

КДК «Бирҷаи молу мулки вилоят»

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  И.Сомонӣ

мағоза

81,8

19632

600

11.

Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 120

ошхона

85

6120

600

12. 

Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 120

ҳудуди муассиса

12

11952

600

13.

КВДК "Кохи матубот"

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35

Ҳуҷраи корӣ

20000

240000

600

 

Озмун 7 январи соли 2021, соати 14:00 дар бинои КВДК «Кохи матбуот» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, ошёнаи 2, маҷлисгоҳи № 2 баргузор мегардад.

Ба озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд, ки бояд барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Барои шахсони воқеӣ – нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
  • Барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;
  • Пешниҳод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчӣ бо нишон додани номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди маблағи ба иҷора мегирифта, ки бояд аз маблағи дар эълон нишон додашуда кам набошад.
  • Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатӣ.

Дар ҳолати ғолиб дониста шудан «Иҷорагир» ба ҳисоби «Иҷорадиҳанда» ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,1 фоиз боҷи давлатӣ аз ҳаҷми иҷорапулии солона месупорад, ки ин маблағҳо ба арзиши иншооти иҷора дохил намешаванд. Ғолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешниҳодкардаи ӯ нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад.

Бақайдгирии иштирокчиён аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ дар суроғаи хиёбони Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 6, утоқи кории № 602 оғоз гардида, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Озмун тибқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Телефон барои тамос: (83422) 4-65-62.

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд.

ЭЗОҲ: Нархи ибтидоии масоҳатҳои аз бинои КВДК «Кохи матбуот» ба иҷора додашаванда, ба истиснои муассисаю ташкилотҳои воситаҳои ахбори умум, на кам аз 10 сомонӣ барои 1 м2 ҳисоб карда мешавад.