дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Озмуни №5/2020

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ озмун эълон менамояд:

        озмуни №5/2020

Р/Т

Номгӯи иншоот

Суроғаи иншоот

Таъинот

Масоҳати умумии иҷора (м2)

Нархи ибтидоии иҷорапулии солона (сомонӣ)

Ҳаққи аъзогии кафолатпулӣ барои иштирок ба озмун (сомонӣ)

1.

МД «Маркази амрози саратоншиносии вилояти Суғд»

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин, тангкӯчаи С.Ҳакимбоев 4

нуқтаи хизматрасонии тиббӣ

22

6600

580

2.

МДВ «Қасри маданияти Арбоб»

ноҳияи Б.Ғафуров, ҷ/д Унҷӣ, кӯчаи Ленин 106

нуқтаи савдо

20

2040

580

3.

МДВ «Қасри маданияти Арбоб»

ноҳияи Б.Ғафуров, ҷ/д Унҷӣ, кӯчаи Ленин 106

худуди муассиса

10

1260

580

4. 

МДВ «Қасри маданияти Арбоб»

ноҳияи Б.Ғафуров, ҷ/д Унҷӣ, кӯчаи Ленин 106

нуқтаи савдо

20

2400

580

5.

Маҷмааи таърихию- фарҳангии «Истиқлол»

ш.Хуҷанд, хиёбони Истиклолият

нуқтаи савдо

48

5760

580

6.

Маҷмааи таърихию- фарҳангии «Истиқлол»

ш.Хуҷанд, хиёбони Истиклолият

қитъаи замин

5

600

580

7.

Муассисаи Мошинсарои воситаҳои нақлиёти махсуси тиббӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 197

анбор (таъмирталаб)

64,26

3860

580

8.

Маркази клиникӣ-эндокринологии вилоятӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳакимбоев 7

дорухона

10

3000

580

9.

Раёсати маорифи

вилояти Суғд

ш. Хуҷанд,

к. Шарк 29

ошхона

64

3840

580

10.

КВДК "Кохи матубот"

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35

ҳуҷраи корӣ

200

24000

580

 

Озмун 11 декабри соли 2020, соати 14:00 дар бинои КВДК «Кохи матбуот» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, ошёнаи 2, маҷлисгоҳи № 2 баргузор мегардад.

Ба озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд, ки бояд барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Барои шахсони воқеӣ – нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
  • Барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;
  • Пешниҳод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчӣ бо нишон додани номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди маблағи ба иҷора мегирифта, ки бояд аз маблағи дар эълон нишон додашуда кам набошад.
  • Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатӣ.

Дар ҳолати ғолиб дониста шудан «Иҷорагир» ба ҳисоби «Иҷорадиҳанда» ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,1 фоиз боҷи давлатӣ аз ҳаҷми иҷорапулии солона месупорад, ки ин маблағҳо ба арзиши иншооти иҷора дохил намешаванд. Ғолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешниҳодкардаи ӯ нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад.

Бақайдгирии иштирокчиён аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ дар суроғаи хиёбони Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 6, утоқи кории № 602 оғоз гардида, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Озмун тибқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Телефон барои тамос: (83422) 4-65-62.

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд.

ЭЗОҲ: Нархи ибтидоии масоҳатҳои аз бинои КВДК «Кохи матбуот» ба иҷора додашаванда, ба истиснои муассисаю ташкилотҳои воситаҳои ахбори умум, на кам аз 10 сомонӣ барои 1 м2 ҳисоб карда мешавад.