дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Super User

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Тафсири иқтисодӣ

Тафсири иқтисодӣ

Вилояти Суғд дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Нуфузи иқтидори саноатӣ ва аграрии ҷумҳурӣ дар ҳамин вилоят баланд аст. Яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди вилояти Суғд ин соҳаи саноат мебошад, ки ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа бевосита таъсир мерасонад.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масалан, соли 2019 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 12,9 миллиард сомонӣ ё 1,3 миллиард доллари ИМА маҳсулот истеҳсол карданд.

Бахши саноатии вилоят асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва Гулистон мутамарказ шудааст.

Дар вилояти Суғд саноати коркарди кӯҳӣ, махсусан коркарди металлҳои ранга ва камёб рушд ёфтааст. Дар вилоят корхонаҳои коркарди тилло, нуқра, сурб, руҳ, ангишт, санги хоро, мармар, гаҷ, қуми кварсдор ва дигар манбаъҳои табиӣ мавҷуданд.

                      

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Инфрасохтор

Инфрасохтор

Нақлиёти ҳавоӣ

Дар вилояти Суғд, дар масофаи 12 км аз шаҳри Хуҷанд, фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (LBD) фаъолият мекунад. Фурудгоҳ дар як сол ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат мерасонад. Парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд мунтазам мустақим мебошанд.

Мусофиркашонӣ ва боркашонии ҳавоӣ аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр", «Тоҷик Эйр» ва дигар ширкатҳои хориҷӣ, ба монанди S7, Уральские авиалинии, ЮТэйр, Аэрофлот ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

*1 то сурат

Роҳи оҳан

Ҳукумат ба рушди роҳи оҳан диққати калон медиҳад. Дар вилояти Суғд истгоҳи калони роҳи оҳан мавҷуд аст, ки он минтақаро бо қисми ҷанубии Тоҷикистон ва инчунин дигар минтақаҳои хориҷаи наздик ва дур мепайвандад. Дарозии умумии роҳҳои оҳан дар Ҷумхурии Тоҷикистон тақрибан 977,6 км-ро ташкил медиҳад.

                                               *1 то сурат

Нақлиёти автомобилӣ

Вилояти Суғд бо тариқи роҳи автомобилгард бо қисматҳои водии Фарғона (Ӯзбекистон ва Қирғизистон) хати алоқа дорад. Роҳҳои асосии автомобилгард аз вилояти Суғд мегузаранд, ки ҳамлу нақли бор ва мусофирбар дар он гузаронида мешавад. Роҳи Душанбе-Чаноқ бо дарозии 354 км аз минтақае мегузарад, ки қисматҳои шимолӣ ва ҷанубии кишварро мепайвандад.

                                               *1 то сурат

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Тафсири сармоягузорӣ

Тафсири фазои сармоягузорӣ ва преференсияҳо

Фазои сармоягузорӣ

Рушди қонунгузории амалкунанда дар вилояти Суғд сиёсати давлатиро оид ба дастгирии ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла хусусӣ (моддаи 12 Сарқонуни ҶТ) инъикос медиҳад. Бинобар ин, воридотҳои тез-тези тағйироту иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук ин нишондиҳандаи тамоюли мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда ба стандартҳои байналмиллалӣ оид ба кафолатҳои ҳуқуқии хифз ва ҳимояи ҳуқуқҳоро инъикос медиҳад. Таъсиси Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ шаҳодати тамоюлоти вилоят ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.

Қадам ба қадам шароитҳои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии сохторҳои бозоргонӣ ва рушди ситемаи тиҷоратии молиявӣ-банкӣ фароҳам оварда мешавад. Тартиби бақайдгирии корхонаҳои муштарак ва корхонаҳо бо дигар намудҳои моликиятдорӣ содда карда шудааст.

Соҳаҳои ҷолибтар барои сармоягузорон

энергетика;

саноати кӯҳӣ;

саноати химиявӣ;

сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

саноати сабук ва хӯрокворӣ;

кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

нақлиёт ва коммуникатсия;

сайёҳӣ;

Кафолатҳои қонунгузорӣ барои сармоя ва сармоягузорӣ:

  • баробарҳукуқӣ байни сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ;
  • роҳ надодани маҳдудкунии ҳуқуқҳо нисбати сармоягузорон;
  • таъмини ҳуқуқи интихоби шартҳои мусоидтарини ҳуқуқҳо барои сармоягузорон, дар муддати 5 сол;
  • кафолати устувории созишномаҳои баимзорасида;
  • кафолати хукуқи истифодабарии даромад ва рафтуомади озодана дар ҳудудӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дахлнопазирии мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти сармоягузории сармоягузор;
  • кафолати ҳукуқи сармоягузор аз давлатикунонӣ ва мусодира;
  • кафолати ҳукуқи сармоягузор барои содироти моликият ва маълумот;
  • кафолати ҳукуқи истифодабарии захираҳои табиӣ;

Преференсияҳои андозӣ ва гумрукӣ:

1) Озодгардонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз нархи иловашуда:

  • воридоти таҷиҳизотҳо ва воситаҳои комплектии истеҳсолӣ-технологӣ;
  • воридоти молу амволи шахсӣ барои истифодаи шахсӣ аз ҷониби кормандони хориҷии корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ;
  • воридоти масолеҳ барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ маъқул дониста шудаанд.
  • Воридоти масолеҳ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои хеле муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд;
  • Воридоти масолеҳ барои истифодаи шахсии корхонаҳои нав таъсисдодашуда, ки машғули коркарди пурраи нахи пахта то ба барориши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад;

2) Озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда:

  • расонидани хизматрасонии молиявӣ;
  • фоизи лизинги молиявӣ;
  • содироти маҳсулот, ба ғайр аз пахтаи хоми коркардшуда, нахи пахта, ресмони пахтагӣ ва алюминийи аввал, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти заргарӣ аз металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

3) Озодкунӣ аз андоз аз фоида:

Корхонаҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот таъсис дода мешаванд, ҳангоми интиқоли ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи сармоя ба фонди оинномавӣ, аз андоз аз фоида ба мӯҳлати зайл озод карда мешаванд:

  • 2 сол, агар ҳаҷми сармоя то $500 ҳазорро ташкил диҳад;
  • 3 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $500 ҳазор то $2.0 миллионро ташкил диҳад;
  • 4 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $2.0 миллион то $5.0 миллионро ташкил диҳад;
  • 5 сол, агар ҳаҷми сармоя зиёда $5.0 миллионро ташкил диҳад;

Тартиби махсусӣ андозӣ

1) Андозбандии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ:

  • Фармоишгар ва пудратчии кулл аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
  • андоз аз арзиши иловашуда;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • андози минималӣ аз даромад;
  • андоз аз замин;
  • андоз аз дорандагони воситаҳои нақлиётӣ;
  • андоз аз амволи ғайриманқул;
  • андози иҷтимоӣ;
  • боҷҳои давлатӣ;

2) Андозбандии корҳонаҳои аз нав таъсис додашуда, ки машғули коркарди пурраи нахи пахта то ба барориши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад:

а) содироти маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳои аз нав таъсис додашуда аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд;

б) корхонаҳои аз нав таъсис додашуда аз андозҳои зайл озод карда мешаванд:

  • андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • андози минималӣ;
Wednesday, 02 September 2020 00:00

Тилло ва нуқра

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Ангишт

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Моҳипарварӣ

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Сайёҳӣ

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Канданиҳои фоиданок

Page 4 of 6