дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Thursday, 15 October 2020 00:00

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Written by 
Rate this item
(1 Vote)

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун минтақаи маҳдуди ш. Хуҷанд бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои иқтисодӣ барои доираҳои соҳибкориву сармоягузории ватаниву хориҷӣ ташкил карда шудааст.

МОИ «Суғд» шакли истеҳсолӣ-инноватсионӣ буда, бо масоҳати умумии 320 га ба мӯҳлати 25 сол таъсис дода шудааст.

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” низоми махсуси гумрукӣ ва андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бақайдгирии субъектҳо (корхонаҳо) амал мекунанд. Дахолати мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти молиявиву хоҷагидории субъектҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, манъ карда шудааст.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ, таҳти роҳбарии Роҳбари он иҷро мекунад.

МОИ “Суғд” дар минтақаи саноатии ҷанубу-ғарбии ш. Хуҷанд ҷойгир аст. Маконии ҷойгиршавии МОИ бо назардошти мавҷудияти инфрасохтори саноатӣ ва хатҳои алоқа, наздикии макони зисти сокинони ш. Хуҷанд, мавҷудияти купуки нав дар дарёи Сир ва имконияти дар оянда кашидани хати роҳи оҳан барои пайвасткунии МОИ “Суғд”интихоб карда шудааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳим дар интихоби ҷой барои ташкили бизнес, мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳисоб меравад. МОИ “Суғд” барои он корхонаҳое, ки мехоҳанд бо содироти мол машғул шаванд, муносиб аст. Шабакаи роҳҳои нақлиётии ш.Хуҷанд барои содироти молу маҳсулот ва тиҷорат бо давлатҳои хориҷи дуру наздик имконият медиҳад. Шоҳроҳи нави автомобилгард аз назди даромадгоҳи асосии МОИ мегузарад.

 

735700 Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд,

3-юм мкр-н, Минтақаи саноатии ҷанубӣ–ғарбӣ

Тел/факс: (+992 44) 630-22-30

Тел: (+992 44) 630-11-81, 630-11-90                

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

www.fezsughd.tj                

Read 23882 times Last modified on Saturday, 17 October 2020 07:52
More in this category: Covid-19 »