дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Техническая проверка

Управление по инвестициям и управлению

государственным имуществом Согдийской области



Правительство Таджикистана определило развитие частного сектора, предпринимательства и инвестиций как основной инструмент для реализации целей «Национальной стратегии развития на период до 2030 года».

Президент Республики Таджикистан
 Эмомали Рахмон

 

Инвестиционные возможности Согда

Инвестиционная карта

Super User

23 декабр дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқотро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.

Баҳри дастгирӣ намудани ин соҳаи муҳим як қатор дастгириҳо пешбинӣ карда шуда, дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ – ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардид. Дар ин замина, масъулони соҳа ва соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд ва дар натиҷа дар давоми соли 2020 зиёда аз 90 адад корхонаҳои саноатӣ бо 1469 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

-Имрўзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 111 ҳазор соҳибкорон ва қариб 700 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд, - иброз дошт Раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки дар вилоят иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавон ва навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд.

Новобаста ба вазъи замони муосир, дар вилоят баҳри муаррифии имкониятҳои сармоягузориву тиҷоратӣ, ҷалби бештари сармоягузорон ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди соҳибкорони вилоят бо дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Давоми моҳи марти соли 2020 дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Форуми тиҷоратии соҳибкорони вилоятҳои Суғду Твер ва Олтойи Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 30 корхонаву ташкилотҳо ва доираи соҳибкории вилоят иштирок намуда, тарафҳо бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ мубодила намуданд.

Санаҳои 18-19 августи соли 2020 байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон мулоқот дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он як қатор соҳибкорони вилоят иштирок карданд. Инчунин санаи 29 сентябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе» Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид ва дар он низ соҳибкорони вилоят иштирок варзиданд.

Баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта дар назди Раиси вилоят Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст. Дар Шўрои машваратӣ муаммоҳое, ки дар вилоят вуҷуд доранду ва онҳо баҳри рушди соҳибкорӣ монеъа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли онҳо корбарӣ карда мешавад.

Инчунин, давоми соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар бинои Кохи матбуот ба фаъолият оғоз намуд, ки барои раҳнамоии соҳибкорони ҷавон ва ба ин восита рушд бахшидани фаъолияти онҳо нақши муҳим дорад.     Аз ҷониби саноатчиёни вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 13,5 млрд сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2019 118,7 фоизро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ дар соҳаи саноати вилоят як қатор дастоварду равандҳои мусбат ба қайд гирифта шуд. Ба фаъолият оғоз кардани як қатор корхонаву ташкилот имкон дод, ки нуфузи вилоят тадриҷан боло бурда шавад.

-Имрўз метавон бо боварии комил тазаккур дод, ки бо дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориву дилсўзиҳои Пешвои муаззами миллат, барои рушди бемайлони соҳаи саноати вилоят тамоми имконияту шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Баҳри дастгирии соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат моратория дар самти санҷишҳо барои солҳои 2019-2020 эълон карда шуд. Боварии комил дорам, ки соҳибкорон бо истифода аз ин имкониятҳо ва бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш ҷиҳати пешбурди иқтисодиёти вилоят саҳми босазои худро мегузоред,- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид перомуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳарф зада, таъкид кард, ки мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои он ин мусоидат намудан баҳри рушди соҳибкорӣ мебошад.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар, меҳнати фидокорона, ноил шудан ба комёбиҳои назаррас, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ва саҳми муносиб дар рушди иқтисодиёти вилоят ба як қатор соҳибкорони пешқадам бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

23 декабр дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи чоруми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун  ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат масъулинро водор мекунад, ки баҳри ноил гардидан ба ҳадафи мазкур, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Сипас, оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи сеюми Шўро гузориши котиби Шўро Шарифҷон Ахмедов шунида шуда, дар рафти ҷаласа аъзои нави Шӯро, низомномаи Шўро дар таҳрири нав, нақшаи кории Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон намояндани Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Фирўз Саидхоҷаев лоиҳаи “Мусоидат ба бартараф намудани таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути беҳтар намудани шароити зиндагӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона”-ро, ки якҷо бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят омода шудааст, муаррифӣ намуд.

Дар охир дар назди масъулин баҳри иҷрои вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони вилояти Суғд бо истифода аз имконоти мавҷуда дастовардҳои худро боз ҳам бештар мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Четверг, 03 декабря 2020 00:00

Covid-19

Вторник, 17 ноября 2020 00:00

Инвестиционная карта

       

 

   

      
     
        Мастча


Истиклол


Б.Гафуров
     Худжанд

    Ашт      
      Зафарабад

Спитамен

Гулистон

Дж.Расулов

Бустон
Канибадам

 

 

 
      Истаравшан                Исфара    
       Шахристон  
Деваштич
         
       


Горный



 Мастча
 


     
 

Пенджикент

   Айни            
     

 

 

           
                 

 

 

 

Страница 1 из 6