Print this page
Tuesday, 12 May 2020 00:00

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сармоягузор аз Ҷумҳурии Қазоқистон Султанбек Бакиров мулоқот намуд

Rate this item
(0 votes)

20 декабри соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор ва сармоягузор аз Ҷумҳурии Қазоқистон Султанбек Бакировро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкории хурду миёна ва ҳамкориҳои муштарак бо шарикони рушд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилояти Суғд бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ҳамкориҳои самаранок ба роҳ монда шуда, дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ дастовардҳо хеле назаррасанд.

Сармогузори қазоқ Султанбек Бакиров дар аснои суҳбат бо қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ таъкид кард, ки хостори ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти рушди кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла мебошад. Зикр гардид, ки истеҳсоли пилла бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам амалӣ гардида, дар як мавсим беш аз ду маротиба пилла истеҳсол хоҳад шуд. Коркарди ниҳоии пилла низ дар қаламрави вилоят ба роҳ монда шуда, дар ин раванд даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаи аввал барои бунёди тутзор 50 гектар замин ҷудо карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


 
Read 3127 times Last modified on Wednesday, 15 July 2020 04:41

Latest from Super User