Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи Печать

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар самти роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, обрасонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун гардиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмиру таҷдиди роҳҳо, махсусан роҳҳои аҳмияти байналмилалидошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари транзитӣ табдил ёфта истодааст.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таҷдиду навсозии шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара, ки  бо саҳмгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷараён дорад, иброз дошт, ки сатҳу сифати корҳои роҳсозӣ бояд мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шавад.

Роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи аз пазироии самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, доир ба рафти навсозии шоҳроҳи Хуҷанд - Исфара маълумот дод. Гуфта шуд, ки корҳои роҳсозӣ зери назорати қатъии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ қарор дорад. Кардула Расточи таъкид дошт, ки дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд аз минтақаҳое, ки дар он таҷдиду навсозии роҳ идома дорад, боздид намуда, барои вусъат бахшидани корҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамзамон дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд