Стратегияи кӯмаки ташкилотҳои байналмилалӣ PDF Print E-mail

Барои баланд бардоштани самаранокии ҷалб ва истифодаи кӯмаки берунӣ ташкилотҳои байналмилалӣ самтҳои фаъолияти худро бо амалҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда ва дар ин асос ҳуҷҷатҳои дахлдорро, ки стратегияи кӯмак ва мусоидатро мушаххас менамоянд, таҳия месозанд.

Аз ҷумла, Стратегияҳои кӯмак ба кишвар (СКК) аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалие, ки барои кишварҳои рӯ ба инкишоф қарздиҳандагони фаъол мебошанд, таҳия мегарданд. Ҳангоми таҳияи Стратегия афкору тасаввуроти мамлакат дар он тарзе, ки дар СПКСК, ё дигар ҳуҷҷати расмии давлат зикр ёфтааст, ҳамчун мабдаъ ба асос гирифта мешавад.

СКК, ки ба натиҷаҳои ниҳоӣ равона гардидааст, дар асоси машваратҳо бо мақомоти давлатии идоракунӣ ,ниҳодҳои (институтҳои) ҷомеаи шаҳрвандӣ ,ҳамкорони оид ба рушд ва дигар тарафҳои манфиатдор таҳия мегардад.Ҳадафи СКК аз тартиб додани барномаи мушаххаси пешниҳоди дастгирӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалиест, ки бо назардошти бартариятҳои ин ташкилоти байналмилалӣ дар муқоиса бо ҳамингуна фаъолияти дигар донорҳо бо стратегияи худии рушди мамлакат мувофиқу тавъам мебошад. СКК барои дастгирии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои байни ташкилотҳои ҳамкорӣ оид ба рушд равона мегардад.

 

СКК ташхиси ҳамаҷонибаи проблемаҳои ба натиҷаҳои кори таҳлилии ташкилоти мушаххаси ҳукумат ва/ё дигар ҳамкорон асосёфтаи рушди мамлакат, ҳамчунин миқёсу андозаи паҳншавӣ, тамоюл ва сабабҳои камбизоатиро дар бар мегирад. Дар стратегия соҳаҳои асосие муайян карда мешаванд,ки дар доираи онҳо кӯмаки донорҳо имкон дорад бо тарзи хеле беҳтар ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намояд. Дар ташхиси СКК ҳолати захираи қарздиҳии ташкилоти байналмилалӣ дар кишвар, қобилияти қарзгирии давлат, дараҷаи рушди ниҳодӣ(институтсионалӣ), неруи иҷроия,сифати идоракунӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳавию байнисоҳавӣ ба назар гирифта мешаванд. Дар асоси чунин баҳодиҳӣ ҳаҷм ва мундариҷаи дастгирии молиявӣ, машваратӣ ва/ё техникӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ муайян мегарданд. Ҳангоми таъмини иҷрои СКК натиҷаҳои ниҳоӣ мавриди диққати хоса қарор мегиранд. Ин муайян намудани ҳадафҳои аниқ ва нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-ро дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо мониторинги фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ ва мамлакат дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои пешистода амалӣ гардонида мешавад.

Ташкилотҳои калони байналмилалӣ давра ба давра стратегияи кӯмаки худро ба кишвар таҳия карда, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамоянд.

1. Бонки Осиёии рушд. Стратегияи шарикии кишвар 2010-2014 CPS_TA_2010_2014_ru.pdf


2. Бонки умумиҷаҳонӣ. Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2006-2009 .http://www.worldbank.org/tj

3. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд. Стратегия оид ба Тоҷикистон (январ соли 2009) strat_taj.pdf

4. Вазорати оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID). Нақшаи минтақавии кӯмак ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2004 -2007 http://www.dfid.gov.ur/

5.Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкории Шведсия (SIDA) . Стратегияи Шветсия оид ба Осиёи Миёна барои солҳои 2006-2009www.side.se

6.Идора оид ба ҳамкории Швейтсария / Консулгарӣ дар Тоҷикистон . Стратегияи минтақавии ҳамкорӣ барои солҳои 2007-2010http://www.swisscoop.tj/

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla