Print this page
Wednesday, 02 September 2020 00:00

Тафсири иқтисодӣ

Written by 
Rate this item
(0 votes)

Тафсири иқтисодӣ

Вилояти Суғд дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Нуфузи иқтидори саноатӣ ва аграрии ҷумҳурӣ дар ҳамин вилоят баланд аст. Яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди вилояти Суғд ин соҳаи саноат мебошад, ки ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа бевосита таъсир мерасонад.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масалан, соли 2019 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 12,9 миллиард сомонӣ ё 1,3 миллиард доллари ИМА маҳсулот истеҳсол карданд.

Бахши саноатии вилоят асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва Гулистон мутамарказ шудааст.

Дар вилояти Суғд саноати коркарди кӯҳӣ, махсусан коркарди металлҳои ранга ва камёб рушд ёфтааст. Дар вилоят корхонаҳои коркарди тилло, нуқра, сурб, руҳ, ангишт, санги хоро, мармар, гаҷ, қуми кварсдор ва дигар манбаъҳои табиӣ мавҷуданд.

                      

Read 7195 times Last modified on Wednesday, 11 November 2020 17:27

Latest from Super User